Ирсоли ёддошти Душанбе ба Маскав дар робита ба марги 7 тоҷикистонӣ дар Тюмен

Дар робита ба ҳодисаи сӯхтор дар майдони сохтмони фабрикаи мурғпарварии вилояти Тюмен, ки ба марги  7 шаҳрванди Тоҷикистон боис гардид, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷииРусия ёддошти дахлдор ирсол намуд. Дар ёддошти интишоршуда дар сомонаи расмии ВКХ Тоҷикистон қайд мешавад, ки ҳодисаи шаби 19 ноябри соли 2016 дар майдони сохтмонии вобаста ба ҶДММ […]

Asia-Plus

Дар робита ба ҳодисаи сӯхтор дар майдони сохтмони фабрикаи мурғпарварии вилояти Тюмен, ки ба марги  7 шаҳрванди Тоҷикистон боис гардид, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷииРусия ёддошти дахлдор ирсол намуд.

Дар ёддошти интишоршуда дар сомонаи расмии ВКХ Тоҷикистон қайд мешавад, ки ҳодисаи шаби 19 ноябри соли 2016 дар майдони сохтмонии вобаста ба ҶДММ “Абсолют Агро”, наздикии деҳаи Юргинское дар вилояти Тюмен боиси андуҳ ва нигаронии ҷомеаи тоҷик гардид.

«Бар асари алангаи оташ ҳафт нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расида, се нафари дигар дар ҳолати вазнин ба беморхонаи вилоятӣ интиқол дода шуданд. Қобили зикр аст, ки ин шаҳрвандон ягона таъминкунандагони хонаводаҳояшон буда, бе вайрон кардани қонунҳои Федератсияи Россия, уҳдадориҳои меҳнатии худро софдилона иҷро мекарданд», – омадааст дар ёддошт.

Гуфта мешавад, дар иртибот ба ин қазия, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли ёддошти дахлдор ба Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия таваҷҷуҳи хосаро ба он равона кард, ки ин ҳодисаи фоҷеавӣ дар натиҷаи набуди оддитарин шароити корӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон рух додааст, ки барои ин корфармо бояд масъулият дошта бошад.

Дар ёддошти ВКХ Тоҷикистон бо таассуф ёдрас мешавад, ки чунин ҳодисаҳо бо паёмадҳои фоҷеавӣ зуд-зуд рух медиҳанд.

«Бо таваҷҷуҳ ба гуфтаҳои боло, ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Россия боисрор талаб менамояд, ки бо таҳқиқи воқеъбинонаи ҳодиса ва муайян кардани сабабҳои он, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ба хотири фароҳам овардани шароити матлуби корӣ аз тарафи корфармоён ва роҳ надодан ба такрори чунин ҳаводис чораҳои маъмурӣ андешида шаванд», – зикр мегардад дар ёддошт.

Ёдрас мекунем, ки бар асари сӯхтор дар майдони сохтмони фабрикаи мурғпарварии "Абсолбют Агро"-и вилояти Тюмен 7 муҳоҷири тоҷик ҳалок шуданд, ки  шаш тани онҳо аз ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) ва як нафар аз Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд буданд. Се шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ин ҳодиса заҳролуд шуда, дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.