Интиқоли ҷасадҳои 7 тоҷикистонии дар Тюмен ҳалокшуда ба ватан

Ҷасади 7 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайи сӯхторе дар вилояти Тюмен ҳалок шуданд, ба ватан оварда мешаванд. Тибки маълумоти Консулгарии кулли Точикистон дар Екатенбург,  нимаи дуюми имрӯз се ҷасад бо хатсайри ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Фардо, 24 ноябр бо хатсайри «Сомон Эйр» 2 ҷасади дигар фиристода шуда, боқимонда боз 2 […]

Давлатёри Байдулло, Asia-Plus

Ҷасади 7 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар пайи сӯхторе дар вилояти Тюмен ҳалок шуданд, ба ватан оварда мешаванд.

Тибки маълумоти Консулгарии кулли Точикистон дар Екатенбург,  нимаи дуюми имрӯз се ҷасад бо хатсайри ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Фардо, 24 ноябр бо хатсайри «Сомон Эйр» 2 ҷасади дигар фиристода шуда, боқимонда боз 2 ҷасади дигар 25 ноябр тавассути хатсайри ширкати «Уральские авиалинии» аз Екатеринбург ба вилояти Суғд интиқол меёбанд.

Ба қавли манбаъ, ки аз аввал ҳодисаро пайгирӣ дорад, ширкате, ки дар он шаҳрвандони мо кор мекарданд, харҷи интиқоли ҷасадҳоро ба уҳда гирифта, ҳамчунин ба ҳар кадоме аз оилаҳои фавтидагон 500 ҳазор ҷубронпулӣ пардохт менамояд. Боз ба 2 нафар захмбардошта ба ҳар кадоме 250 ҳазор рубл ва 150 ҳазор  рубл ба як нафари дигари камтар осебдида пардохт мешавад.

Ёдрас мекунем, ки шаби 18 ба 19 ноябр дар майдони сохтмонӣ дар ҳудуди фабрикаи мурғпарварии «Абсолют Агро», воқеъ дар 7 километрии деҳаи Юргини вилояти Тюмен вагоне оташ гирифт, ки дар он шаҳрвандони Тоҷикистон иқомат доштанд. Дар натиҷаи сӯхтор 7 нафар ба ҳалокат расида, боз се нафари дигар бо нишонаҳои заҳролудшавӣ дар беморхонаи вилоятӣ бистарӣ шуданд.  Ҳамаи фавтидагон зодагони вилояти Суғд мебошанд. Тибқи фарзияи пешакӣ, сабаби сӯхтор нақзи қоидаҳои истифодаи дастгоҳҳои маишии барқӣ будааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.