Бишкеку Душанбе сулҳу субот дар марзро дастоварди асосӣ медонанд

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкориҳои дуҷониба муовини нахуствазири Қирғизистон Жениш Раззоқов изҳор намудааст, ки дастоварди асосии сиёсии ҷонибҳо таъмини сулҳу субот дар марзи давлатии кишварҳо аст. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон, дар ҷаласа зикр гардидааст, ки соли 2015 ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкориҳои дуҷониба муовини нахуствазири Қирғизистон Жениш Раззоқов изҳор намудааст, ки дастоварди асосии сиёсии ҷонибҳо таъмини сулҳу субот дар марзи давлатии кишварҳо аст.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон, дар ҷаласа зикр гардидааст, ки соли 2015 ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо ба 79 млн. доллари ИМА расида, тӯли 7 моҳи соли равон 13 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16% камтар аст. «Ба ин сабабҳои объективӣ вуҷуд доранд, аз ҷумла буҳрони умумиҷаҳонӣ», – гуфтааст Раззоқов.

«Ин нишондиҳандаҳо моро ба густариши бештар бахшидан ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба водор месозанд ва мутмаинам, ки рушди тадриҷии ҳамкориҳо ҷавобгӯи манфиатҳои ҳарду ҷониб буда, ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардуми ҳарду кишвар мусоидат мекунанд», – иброз доштааст муовини нахуствазир ин кишвар.

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар навбати худ қайд кардааст, ки зимни вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои иборат аз роҳандозии ҳакориҳои судманд дар бахшҳои энергетитка, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, соҳаи истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, саноат, кишвоварзӣ, туризм, ҳамкориҳои байнимарзӣ ва ғайра баррасӣ шуда, Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти ин ҳамкориҳо мебошад.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа Протоколи муштараки ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба ба имзо расидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.