Форуми байнулмилалии тиҷоратии бонувон дар Душанбе

Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт имрӯз, 23 ноябр Форуми байнулмилалии тиҷоратии бонувон ба кор шурӯъ намуд, ки дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорзанони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон, ҳамчунин ташкилоту корхона ва ширкатҳои гуногун ширкат доранд. Ҳамоиш аз ҷониби сафорати ИМА дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдои амрикоӣ ва сохторҳои давлатӣ озмон дода шуда, таҷассумгари имконоти […]

Asia-Plus

Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт имрӯз, 23 ноябр Форуми байнулмилалии тиҷоратии бонувон ба кор шурӯъ намуд, ки дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорзанони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон, ҳамчунин ташкилоту корхона ва ширкатҳои гуногун ширкат доранд.

Ҳамоиш аз ҷониби сафорати ИМА дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдои амрикоӣ ва сохторҳои давлатӣ озмон дода шуда, таҷассумгари имконоти соҳибкорзанони минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Дастандаркорони форум бар ин назаранд, ки сармоягузорӣ ба фаъолияти занон воситаи муҳими коҳиши камбизоатӣ ва мусоидат ба суботи ҷомеа аст.

Дар кори ҳамоиш ҳамчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими ҷумҳурӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ, ҳамчунин сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ низ ҳузур доранд, ки лоиҳаҳои тиҷоратии ҷолибро дастгирӣ карда метавонанд.

Дар доираи кори форум намоиши маҳсулоти бонувони Тоҷикистон ҷараён дорад. Аксҳо аз гурӯҳи "Экономические новости Таджикистана" (Хабарҳои иқтисодии Тоҷикистон) дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.