Русия созишномаи гумрукӣ бо Тоҷикистонро тасдиқ кард

Asia-Plus

Русия Созишномаи байниҳукуматӣ бо Тоҷикистонро дар бораи ифтитоҳи намояндагиҳои хадамоти гумрук аз ҳарду ҷониб тасдиқ кард. Қонуни дахлдорро дар ин хусус санаи 22 ноябр президенти Русия Владимир Путин ба имзо расонид.

Тибқи санади интишоршуда дар портали иттиллоти ҳуқуқӣ, дар созишномаи санаи 23 сентябри соли 2015 дар Душанбе баимзорасида ифтитоҳи намояндагии Хадамоти гумруки Русия дар Тоҷикистон ва намояндагии Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар Русия пешбинӣ шудааст.

«Ин ба зарурати беҳбуди сатҳи ҳамкории хадамотҳои гумруки Русия ва Тоҷикистон барои такмили алоқаи нақлиёти мусофирбар ва боркаш, таъмини дуруст ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва пешгириву тафтишоти муштараки қонуншиканиҳои гумрукӣ нигаронида шудааст», – омадааст дар маълумот.

Ҳамчунин гуфта мешавад, барои амалисозии созишномаи мазкур аз буҷети федералӣ хароҷоти иловагӣ талаб карда намешавад.

Қобили зикр аст, ки Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, бино ба маълумоти Хадамоти гумруки ҶТ, тӯли 10 моҳи соли равон ҳаҷми мумилоти молӣ миёни кишварҳо 868 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.