Бархӯрди 2 «Опел» дар Душанбе: 1 автомашина пурра сӯхт

Дар хиёбони Рӯдакии пойтахт ду автомашинаи тамғаи «Опел» ба ҳам бархӯрда, яке аз онҳо пурра сӯхт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД тоҷикистон, субҳи рӯзи 23 ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», марди 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат бо хиёбони Рӯдакӣ аз самти кӯчаи Валаматзода ба самти кӯчаи Айнӣ, дар назди меҳмонхонаи «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе […]

Asia-Plus

Дар хиёбони Рӯдакии пойтахт ду автомашинаи тамғаи «Опел» ба ҳам бархӯрда, яке аз онҳо пурра сӯхт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД тоҷикистон, субҳи рӯзи 23 ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», марди 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат бо хиёбони Рӯдакӣ аз самти кӯчаи Валаматзода ба самти кӯчаи Айнӣ, дар назди меҳмонхонаи «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи марди 25-солаи сокини ноҳияи Ёвон бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи рух додани чунин бархӯрд автомашинаи «Опел-Астра» оташ гирифта, корношоям мегардад. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса, ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардида, ронандаи автомашинаи «Опел-Вектра» ва ду мусофири дигари ҳамин автомашина ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон, аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дигар мақомоти дахлдор дар ҷойи ҳодиса корҳои тафтишотӣ давом доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.