Писари президенти Туркманистон вакили парлумон интихоб шуд

Сардор Қурбонгулиевич Бердимуҳаммадов, ягона писари президенти Туркманистон, 20 ноябр вакили порлумон интихоб шудааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, телевизиони давлатии Туркманистон рӯзи сешанбе дар гузорише аз пирӯзии Сардор дар интихоботи миёндавраӣ аз ҳавзаи рақами 24 "Душак"-и вилояти Ахал хабар додааст. Бино ба ин гузориш, дар интихоботи рӯзи якшанбе Гавҳар Байрамова ва Юсуфгулӣ Ишаев низ вакил […]

Радиои Озодӣ

Сардор Қурбонгулиевич Бердимуҳаммадов, ягона писари президенти Туркманистон, 20 ноябр вакили порлумон интихоб шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, телевизиони давлатии Туркманистон рӯзи сешанбе дар гузорише аз пирӯзии Сардор дар интихоботи миёндавраӣ аз ҳавзаи рақами 24 "Душак"-и вилояти Ахал хабар додааст. Бино ба ин гузориш, дар интихоботи рӯзи якшанбе Гавҳар Байрамова ва Юсуфгулӣ Ишаев низ вакил интихоб шуда, ба онҳо санади узвияти маҷлис супурда шудааст.

Гуфта мешавад, писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов риштаи равобити байналмилалии Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм карда, корманди Вазорати корҳои хориҷӣ ва Оҷонсии давлатии идора ва истифода аз захираҳои оби ин кишвар буд. Ӯ моҳи августи соли 2014 рисолаи номзадӣ ва як сол баъдаш дар бахши илмҳои техникӣ рисолаи докториро низ ҳимоя кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки раиси ҷумҳури Туркманистон ду духтар низ дорад, ки калониаш Гулҷаҳон бо Ихлосгелдӣ Амонов издивоҷ карда ва намояндаи Оҷонсии фурӯши нафту гази Туркманистон ба Аврупо дар Лондон буд. Духтари дигари президент ҳамроҳи шавҳараш, ки корманди сафорати Туркманистон аст, аз соли 2009 ба ин тараф дар Порис ба сар мебарад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.