Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Санкт-Петербург бо раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дидору гуфтушунид мекунад. Ҳамчунин ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок мекунад;

– Дар Бишкек ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масоили дуҷонибаи Қирғизистону Тоҷикистон доир мегардад;

– Дар «Душанбе-Плаза» доир ба мавзӯи нуқтаҳои табодули интернет-трафик (ТОИТ) семинар баргузор мешавад. Оғоз соати 09-00;

– Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе маросими ифтитоҳи намоиши муштараки асарҳои рассомони тоҷик Бахтиёр Одинаев ва Дӯст Азизов барпо мешавад. Оғоз соати 17:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8760 сомонӣ;

1 евро – 8.3777 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1202 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1930 – Таъсиси ноҳияҳои Мӯъминобод, Кӯлоб, Фархор, Совет, Айнӣ ва Панҷакент.

1948 – Комбинати маъдани кӯҳии Такоб ба истифода дода шуд.

2006 — Дар Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи байнулмилалии индустрияи маҳсулоти ғизойӣ «Interfood Tajikistan-2006» ба кор шурӯъ кард.

2012 — Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе таҳти унвони «Дӯстӣ бидуни марзҳо» форум баргузор шуд.

1918-1995 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Яъқуб Тоҷиев.

1924 – Мавлуди мунаққиди адабӣ, олими адабиётшинос Соҳиб Табаров.

1970 – Зодрӯзи рӯзноманигор Пайрав Чоршанбиев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9 рӯзона 0-5, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -2-7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо барф меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона -3+2, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона 0+5; дар шарқ шабона -8-13, рӯзона -1-6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона 0-5, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -1-6. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона -3-5.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.   

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона -2-4.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона 0-2.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +1+3.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...