Ҷаримабандии топ-менеҷери Coca-Cola дар Тоҷикистон

Зарина Эргашева, махсус барои Asia-Plus

Яке аз менеҷерони ширкати «Coca-Cola – Нӯшокиҳои Тоҷикистон», ки мансаби раҳбариро ишғол мекунад, барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати Тоҷикистон ҷаримабандӣ мешавад.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, айни замон баррасии масъалаи риоя нашудани муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби кормандони ширкати Coca-Cola ҷараён дорад, ки шаҳрвандони хориҷӣ буда, бидуни сабт ва ҳуҷҷатҳои дахлдор муддати чандин моҳ дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият доштаанд.

«Алҳол ҷузъиёти масъаларо ифшо карда наметавонем, зеро баррасии масъала идома дорад. Ин бори нахуст нест, ки ин ширкат ба қонуншиканӣ даст мезанад. Мувофиқи қонунгузории кишвари мо, коргари кирояи хориҷӣ бояд барои фаъолият иҷозатнома гирад, аммо дар ҳолати мазкур ин тавр нест», – гуфтанд дар Хадамоти муҳоҷират.

Қайд шуд, ки ин қонуниканӣ дар ҷараёни санҷише ошкор шудааст, ки дар ҳамаи ширкатҳои дорои коргарони кишварҳои хориҷӣ гузаронида шудааст. «Ширкати «Coca-Cola – Нӯшокиҳои Тоҷикистон» барои киро кардан ва кори шаҳрванди Қирғизистон танҳо як квота дорад Аммо бо як квота дар ин ширкат ду шаҳрванди ин кишвар дар мансабҳои роҳбарӣ фаъолият доранд, ки қонуншиканӣ буда, вале шаҳрванди Қирғизистон аз кишвар хориҷ карда намешавад», – шарҳ дод манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки пас аз анҷоми санҷиш ширкат бояд ҷаримаи маъмурӣ пардохт намояд, ки тибқи қонун дар ин ҳолат аз 20 то 30 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳандаи ҳисоб – 40 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Ширкат гуноҳашро эътироф кард

Дар ширкати «Coca-Cola – Нӯшокиҳои Тоҷикистон» далелҳои риоя нашудани қонунгузории муҳоҷират ва мансаби роҳбарӣ ишғол кардани шаҳрванди Қирғизистонро тасдиқ намуда, вале аз ифшои ҷузъиёти масъала худдорӣ варзиданд.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, барои ҳимояи бозори дохилии кор барои киро кардани шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Тоҷикистон квота муқаррар шудааст, ки тибқи он ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ набояд аз 30% бештар бошад. Барои кирои шаҳрванди хориҷӣ ширкат бояд квота гирифта, мутобиқи он андоз пардохт намояд.

Бар асоси созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати Coca-Cola Içecek, ҳиссаи коргарон – шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ набояд аз шумори муқарраршуда мувоифиқи қонунгузорӣ зиёдтар бошад.

Корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ғайримашруботӣ – ҶДММ «Coca-Cola – Нӯшокиҳои Тоҷикистон» тобистони соли 2015 дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд. Иқтидори солонаи он ба истеҳсоли 100 млн. литр нӯшокиҳо баробар аст. Барои сохтмони корхона ширкат 30 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карда, айни замон ин корхона на камтар аз 20%-и ҳисса дар бозори нӯшокиҳои ғайримашруботии Тоҷикистонро ишғол мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.