Ҷаримабандии топ-менеҷери Coca-Cola дар Тоҷикистон

Яке аз менеҷерони ширкати «Coca-Cola – Нӯшокиҳои Тоҷикистон», ки мансаби раҳбариро ишғол мекунад, барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати Тоҷикистон ҷаримабандӣ мешавад. Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, айни замон баррасии масъалаи риоя нашудани муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби кормандони ширкати Coca-Cola ҷараён дорад, ки шаҳрвандони хориҷӣ буда, бидуни сабт ва […]

Зарина Эргашева, махсус барои Asia-Plus

Яке аз менеҷерони ширкати «Coca-Cola – Нӯшокиҳои Тоҷикистон», ки мансаби раҳбариро ишғол мекунад, барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати Тоҷикистон ҷаримабандӣ мешавад.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, айни замон баррасии масъалаи риоя нашудани муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби кормандони ширкати Coca-Cola ҷараён дорад, ки шаҳрвандони хориҷӣ буда, бидуни сабт ва ҳуҷҷатҳои дахлдор муддати чандин моҳ дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият доштаанд.

«Алҳол ҷузъиёти масъаларо ифшо карда наметавонем, зеро баррасии масъала идома дорад. Ин бори нахуст нест, ки ин ширкат ба қонуншиканӣ даст мезанад. Мувофиқи қонунгузории кишвари мо, коргари кирояи хориҷӣ бояд барои фаъолият иҷозатнома гирад, аммо дар ҳолати мазкур ин тавр нест», – гуфтанд дар Хадамоти муҳоҷират.

Қайд шуд, ки ин қонуниканӣ дар ҷараёни санҷише ошкор шудааст, ки дар ҳамаи ширкатҳои дорои коргарони кишварҳои хориҷӣ гузаронида шудааст. «Ширкати «Coca-Cola – Нӯшокиҳои Тоҷикистон» барои киро кардан ва кори шаҳрванди Қирғизистон танҳо як квота дорад Аммо бо як квота дар ин ширкат ду шаҳрванди ин кишвар дар мансабҳои роҳбарӣ фаъолият доранд, ки қонуншиканӣ буда, вале шаҳрванди Қирғизистон аз кишвар хориҷ карда намешавад», – шарҳ дод манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки пас аз анҷоми санҷиш ширкат бояд ҷаримаи маъмурӣ пардохт намояд, ки тибқи қонун дар ин ҳолат аз 20 то 30 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳандаи ҳисоб – 40 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Ширкат гуноҳашро эътироф кард

Дар ширкати «Coca-Cola – Нӯшокиҳои Тоҷикистон» далелҳои риоя нашудани қонунгузории муҳоҷират ва мансаби роҳбарӣ ишғол кардани шаҳрванди Қирғизистонро тасдиқ намуда, вале аз ифшои ҷузъиёти масъала худдорӣ варзиданд.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, барои ҳимояи бозори дохилии кор барои киро кардани шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Тоҷикистон квота муқаррар шудааст, ки тибқи он ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ набояд аз 30% бештар бошад. Барои кирои шаҳрванди хориҷӣ ширкат бояд квота гирифта, мутобиқи он андоз пардохт намояд.

Бар асоси созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати Coca-Cola Içecek, ҳиссаи коргарон – шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ набояд аз шумори муқарраршуда мувоифиқи қонунгузорӣ зиёдтар бошад.

Корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ғайримашруботӣ – ҶДММ «Coca-Cola – Нӯшокиҳои Тоҷикистон» тобистони соли 2015 дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд. Иқтидори солонаи он ба истеҳсоли 100 млн. литр нӯшокиҳо баробар аст. Барои сохтмони корхона ширкат 30 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карда, айни замон ин корхона на камтар аз 20%-и ҳисса дар бозори нӯшокиҳои ғайримашруботии Тоҷикистонро ишғол мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.