Иштироки намояндаи Тоҷикистон дар Озмуни ҷаҳонии зебоӣ

Дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ санаи 23 ноябр Озмуни касбии ҷаҳонии зебоӣ ва истеъдод – Miss SuperTalent of the World оғоз мегардад, ки Тоҷикистонро дар он бори нахуст модел Диана Нуруллина намояндагӣ мекунад. Miss SuperTalent of the World яке аз озмунҳои бонуфузи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, дар он намояндагони 160 кишвари дунё, аз қабили Австралия, Италия, […]

Саодат Раҳимӣ, Asia-Plus

Дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ санаи 23 ноябр Озмуни касбии ҷаҳонии зебоӣ ва истеъдод – Miss SuperTalent of the World оғоз мегардад, ки Тоҷикистонро дар он бори нахуст модел Диана Нуруллина намояндагӣ мекунад.

Miss SuperTalent of the World яке аз озмунҳои бонуфузи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, дар он намояндагони 160 кишвари дунё, аз қабили Австралия, Италия, Британияи Кабир, Канада, Чин, Колумбия, Ҳиндустон, ИМА, Ҷопон ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд.

Қобили зикр аст, ки дар озмуни Miss SuperTalent of the World продюсерҳои маъруфи Голливуду Болливуд ва намояндагони ширкатҳои бузурги атторӣ (парфюмерӣ)-и ҷаҳон низ ҳузур хоҳанд дошт, ки барои маъракаҳои рекламавии худ моделҳо ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ин рӯ, ин озмун майдони имзои қарордодҳо низ унвон мешавад.

Диана Нуруллина аз 14-солагӣ тарбиятгирандаи студияи моделии «Новая Эра» мебошад. Чанде қабл ӯ аз озмуни зебоии Miss World Rusdian Beauty (Маскав) баргашт, ки дар бахши «Young Miss»-и озмуни мазкур зинаи дуюмро касб карда, ба унвони маликаи дуюми озмуни зебоии кишварҳои ИДМ соҳиб шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.