Оғози овоздиҳии пешазмуҳлат дар маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон

Раъйдиҳии пешазмуҳлат дар интихоботи президентии Ӯзбекистон, ки қарор аст, 4 декабри соли равон баргузор шавад, шурӯъ шуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, довталаби асосии курсии раҳбари Ӯзбекистон сарвазир Шавкат Мирзиёв буда, Ҳотамҷон Кетмонов аз Ҳизби халқии демократӣ, Сарвар Отамуродов аз Ҳизби "Миллий Тикланиш", Наримон Умаров аз Ҳизби "Адолат" низ номзадии худро ба мақоми президентӣ пешниҳод […]

Радиои Озодӣ

Раъйдиҳии пешазмуҳлат дар интихоботи президентии Ӯзбекистон, ки қарор аст, 4 декабри соли равон баргузор шавад, шурӯъ шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, довталаби асосии курсии раҳбари Ӯзбекистон сарвазир Шавкат Мирзиёв буда, Ҳотамҷон Кетмонов аз Ҳизби халқии демократӣ, Сарвар Отамуродов аз Ҳизби "Миллий Тикланиш", Наримон Умаров аз Ҳизби "Адолат" низ номзадии худро ба мақоми президентӣ пешниҳод кардаанд.

Гуфта мешавад, президенти ояндаи Ӯзбекистон барои 5 сол интихоб мешавад. Бар пояи қонунгузории ин кишвар, раъйдиҳии пешазмуҳлат 10 рӯз пеш оғоз ёфта, то як рӯз мондан ба интихобот идома хоҳад ёфт.

Дар ин ҳамсоякишвар 21 миллиону 435 ҳазор раъйдиҳанда ба қайд гирифта шудааст. Дар саросари Ӯзбекистон 9378 қитъаи овоздиҳӣ таъсис ёфта, 44 нуқтаи дигар дар намояндагиҳои ин кишвар дар 28 давлати дунё боз хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.