Ҳамдардии раиси Думаи давлатии Русия ба наздикони тоҷикистониёни дар Тюмен ҳалокшуда

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар мулоқот бо раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин изҳори умедворӣ намудааст, ки ҷониби Русия фоҷеаи рухдода дар Тюменро мӯшикофона таҳқиқ мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, Шукурҷон Зуҳуров ба ҳамсуҳбати худ хотиррасон намудааст, ки дар ин ҳодиса боз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар мулоқот бо раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин изҳори умедворӣ намудааст, ки ҷониби Русия фоҷеаи рухдода дар Тюменро мӯшикофона таҳқиқ мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, Шукурҷон Зуҳуров ба ҳамсуҳбати худ хотиррасон намудааст, ки дар ин ҳодиса боз се шаҳрванди Тоҷикистон осеби ҷиддӣ дидаанд.

«Ин шаҳрвандони ҳалокшудаву осебдида ягона таъминкунандагони хонаводаҳояшон буда, бе вайрон кардани қонунҳои Федератсияи Русия, уҳдадориҳои меҳнатии худро софдилона иҷро мекарданд», – иброз доштааст Ш.Зуҳуров.

Ӯ аз В.Володин дархост намудааст, ки таҳқиқи ин ҳодисаро зери назорати шахсии худ гирад, то ки минбаъд аз чунин ҳодисаҳои фоҷеабор пешгирӣ шавад.

Вячеслав Володин аз ин фоҷеаи рухода изҳори таассуфи амиқ намуда, аз Ш.Зуҳуров хоҳиш кардааст, ки ҳамдардии самими ӯ ва ҳамаи вакилони Думаи давлатии Русияро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонад.

Ёдрас мекунем, ки бар асари сӯхтор дар майдони сохтмони фабрикаи мурғпарварии "Абсолбют Агро"-и вилояти Тюмен 7 муҳоҷири тоҷик ҳалок шуданд, ки  шаш тани онҳо аз ноҳияи Деваштич (Ғончии собиқ) ва як нафар аз Мастчоҳи Кӯҳии вилояти Суғд буданд. Се шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар ин ҳодиса заҳролуд шуда, дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол ёфтанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВАО-и Русия, дар робита ба ин ҳодиса айбдоршаванда ба ин далел сардори қитъаи ширкати паймонкор дар сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Юргаи вилояти Тюмен таҳти ҳабси хонагӣ қарор дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Вячеслав Володин ҳамчунин маҷмӯи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, саноат, муҳоҷиарти корӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бахши кишоварзӣ ва ғайра баррасӣ шуда, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои таъмини амният дар Афғонистон ва минтақаи Шарқи Наздик табодули назар намудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.