Барои ҳамаи довталабони Тоҷикистон навиштани иншои мухтасар ҳатмӣ мешавад

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Барои ҳамаи довталабони Тоҷикистон, ки хоҳиши таҳсил дар мактабҳои олиро доранд, сарфи назар аз забони таълим дар мактаби таҳсилоти умумӣ, навиштани эссе – иншои мухтасар бо забони тоҷикӣ ҳатмӣ мешавад.

Дар Маркази миллии тестӣ чанд рӯз қабл барои 1015 нафар хонандагони синфҳои 11-и 28 мактаби озмоишӣ (пилотӣ)- шаҳри Душанбе аз навиштани иншои мухтасар санҷиш гузаронида шуд. Онҳо бо забони тоҷикӣ дар мавзӯъҳои иҷтимоиву таърихӣ ва фарҳангӣ бо забони тоҷикӣ иншо навиштанд. Натиҷаҳои он алҳол маълум нест.

Ёдрас мекунем, ки пешниҳоди навиштани иншо барои довталабон моҳи сентябри соли 2015 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд.

Сардори шуъбаи таҳияи маводи имтиҳонотии Маркази миллии тестӣ Ҷамшед Азимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳадаф аз ҷорӣ шудани навгонии мазкур баланд бардоштани мақоми забони тоҷикӣ аст, то ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бо забони давлатӣ хуб ҳарф зада, андешаашро бо ин забон баён карда тавонад.

Ба гуфтаи ӯ, барои санҷиши иншоҳои хонандагон дар доираи ин чорабинии озмоишӣ беш аз 700 нафар мутахассисон – омӯзгорони забону адабиёти тоҷик ҷалб карда мешаванд.

«Ба толибилмон мавзӯи мушаххаси иншо пешниҳод намегардад, онҳо метавонанд дар ҳама гуна мавзӯи озод мухтасар иншо нависанд. Муҳимаш он аст, ки онҳо андешаи худро хаттӣ баён карда тавонанд. Эссе бояд аз 250-300 калима ва масъалагузорӣ иборат буда, муаалиф дар он бояд мавқеи худро дошта бошад ва дар иншо аз асарҳои бадеӣ ё ҳаёти рӯзмарра мисолҳо оварда шуда, хулосаи ҷолиби таваҷҷуҳ бароварда шавад», – гуфт Азимов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...