Ш.Зуҳуров: мушкилоти Афғонистонро танҳо бо роҳи гузаштҳои дуҷониба метавон ҳал кард

Дар доираи кори ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии СААД ва Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо раисони парлумони Молдова ва Афғонистон дидору гуфтушунид кард. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрии Ш.Зуҳуров бо раиси парлумони Молдова […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар доираи кори ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии СААД ва Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо раисони парлумони Молдова ва Афғонистон дидору гуфтушунид кард.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрии Ш.Зуҳуров бо раиси парлумони Молдова Владимир Витюк зикр гардидааст, ки заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ миёни Тоҷикистону Молдова имрӯз кӯҳна ва ё ҳукми қонунии худро гум карда, замоне фаро расидааст, ки миёни Душанбеву Кишинёв қарордоду созишномаҳои нав ба имзо расанд. «Зимни мулоқот масоили густариши ҳамкориҳо миёни парлумонҳои кишварҳо муфассал баррасӣ шуданд», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ бо раиси парлумони Афғонистон Абдулрауф Иброҳимӣ, ки бо дархости ҷониби Афғонистон сурат гирифтааст, Ш.Зуҳуров изҳор доштааст, ки рушди минтақа ба расидан ба сулҳу ризоият дар Афғонистон вобастагии зиёд дорад. «Аммо ин масъаларо танҳо сари мизи гуфтушунид ва бо роҳи гузаштҳои дуҷонибаи тарафҳои мухолиф метавон ҳал кард», – таъкид доштааст Зуҳуров.

Зикр гардид, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ дар соҳаи энергетика, нақлиёт ва савдо табодули назар кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.