Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» Намоиш-ярмаркаи универсалии байнулмилалии «Тоҷикистон» ба кор оғоз мекунад;

– Дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали даҳуми байнулмилалии муд ва ҳунармандии «Диёри ҳусн» ифтитоҳ мегардад. Дар доираи фестивал намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ доир мегардад. Оғоз соати 14-00;

– Дар Палатаи савдо ва саноат вохӯрии намояндагони доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Лаҳистон (Полша) баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8760 сомонӣ;

1 евро – 8.3241 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1187 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии мубориза барои барҳам додани зӯроварӣ нисбат ба занон.

1925 – Бюрои сиёсии КМ ҲКР (б) дар бораи табдили ташкилоти ҳизбии вилоятии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон ба ҲК Тоҷикистон қарор қабул кард.

1947 – Ифтитоҳи Анҷумани II-юми нависандагони Тоҷикистон.

1974 — Ҳаракати қатораҳо тариқи роҳи оҳани Душанбе – Тирмиз – Қӯрғонтеппа оғоз гардид.

2008 — Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи госпитали ҳарбӣ барои хизматчиёни низомии Гвардияи миллӣ иштирок кард.

1887-1943 – Зодрӯзи генетики рус, ботаник ва ҷуғрофишинос, муҳаққиқи Тоҷикистон Николай Вавилов.

1934-1984 – Мавлуди оҳангсоз Достӣ Орзуев.

1938-2007 – Зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон Асрор Рашидов.

1942 – Мавлуди овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бобоҷон Шамсиев.

1949 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исмонҷон Юсуфов.

1956 – Мавлуди доктори улуми филология Нуриддин Саидов.

1957 – Зодрӯзи рӯзноманигор Сайвалӣ Азизов.

1960 – Мавлуди фарҳангшинос Баҳринисо Қобилова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -5-10, рӯзона -2-7; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -3-8.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9, рӯзона -1-6; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -3-8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -2-7, рӯзона -4+1; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона -2-7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3-8, рӯзона -1-6; дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -2-7. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона -2-4.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.   

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона -1-3.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона -4-6.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона +1+3.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.