Даъвати барқарор намудани иҷозатномаи кори журналистони Радиои Озодӣ

Asia-Plus

Кумитаи байнулмилалии ҳимояи журналистон аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват кардааст, ки фавран иҷозатномаи кори 6 журналисти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ (Радио Свободная Европа/Радио Свобода (РСЕ/РС) барқарор карда шавад.

«Ҳукуматдорони Тоҷикистон бояд фавран иҷозатномаи кор (аккредитасия)-и 6 корманди бахши тоҷикии Радио Озодиро, ки баъди аз ҷониби онҳо рад шудани хориҷ кардани яке аз маводҳо дар сомона қатъ шуд, барқарор намоянд», – гуфта мешавад дар изҳороти Кумита дар ин робита, ки дар РИА Новости нашр шудааст.

Қайд мешавад, ки сабаби ин тасмиме, ки санаи 25 ноябр аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гирифта шуд, нашри мавод «дар бораи таъини духтари президент ба мансаби баланд дар вазорат» аст.

«Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ худи ҳамон рӯз хабар дод, ки мувофиқи маълумоти мансабдор ва сомонаи вазорат, духтари президент Эмомалӣ Раҳмон – Рухшона Раҳмонова муовини сардори яке аз Раёсатиҳои ВКХ таъин шудааст. Хабарҳои ба ин монандро дигар ВАО ҳам нашр карданд», – зикр кардаанд дар Кумита.

Гуфта мешавад, баъдан намояндаи ВКХ ба идораи хабаргузорӣ занг зада, талаб мекунад, ки мавод аз сомона хориҷ шавад, вагарна иҷозатномаи кори журналистон бозхонд мешавад. «Сипас вақте мавод аз сомона гирифта намешавад, 6 журналист ба ВКХ даъват шуда, ба онҳо хабар дода мешавад, ки амали иҷозатномаи кори онҳо боздошта шудааст», – қайд мешавад дар маълумот.

Дар Кумитаи ҳимояи журналистон зикр кардаанд, ки ин амал «бидуни шарҳи сабабҳо» сурат гирифтааст. «Эҷоди монеъаҳо барои журналистон ҳангоми иҷрои корашон хабарро аз байн намебарад, балки таваҷҷуҳи иловагиро ба он ҷалб мекунад», – иброз доштааст дар ин робита муовини директори иҷроияи Кумита Роберт Махони.

Ёдрас мекунем, ки Радиои Озодӣ қаблан иттилоъ дода буд, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон "аккредитатсия" ё муҷаввизи кори 6 хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанберо қатъ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, маълумоти мазкур дар бораи духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон то ҳол дар сомонаи расмии идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар бахши «Сохтори ВКХ ҶТ» мавҷуд аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...