Омодагии хонаҳои пойтахт ба қабули гармиро прокуратура месанҷад

Бо инобати дар мавсими пешорӯ ба фаъолият шурӯъ кардани иқтидорҳои навбати дуюми Маркази барқу гармиистеҳсолкунии №2-и ШСХК «Барқи Тоҷик» дар Душанбе, бо гармӣ таъмин намудани  1242 иншоот дар пойтахт, ки аз он 1082 ададро биноҳои бисёрхонагии манзилӣ ташкил медиҳанд, ба нақша гирифта шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, зимни ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ оид […]

Asia-Plus

Бо инобати дар мавсими пешорӯ ба фаъолият шурӯъ кардани иқтидорҳои навбати дуюми Маркази барқу гармиистеҳсолкунии №2-и ШСХК «Барқи Тоҷик» дар Душанбе, бо гармӣ таъмин намудани  1242 иншоот дар пойтахт, ки аз он 1082 ададро биноҳои бисёрхонагии манзилӣ ташкил медиҳанд, ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, зимни ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев аз мақомоти прокуратураи шаҳр дархост намудааст, ки омодагии иншооти зикршуда ба қабули гармӣ дақиқ санҷида шавад.

Раиси пойтахт аз ҳолатҳои ҷой доштани истифодаи нерӯи гармии интиқолшванда ба биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҳамчун оби гарм барои эҳтиёҷоти маишӣ аз ҷониби бархе аз истеъмолкунандагон интиқод намуда, зикр сохтааст, ки сохторҳои зидахл дар пешгирии ин амалҳо, ки оби техникӣ барои саломатӣ ва истифодаи маишӣ зараровар  аст, корҳои фаҳмондадиҳоро  миёни аҳолӣ пурзӯр намоянд ва аҳли ҷомеаро бархурдор созанд, ки аз нигоҳи технологӣ Маркази барқу гармитаъминкунии зикршуда танҳо барои истеҳсоли гармӣ, на таъмин бо оби гарм нигаронида шудааст.

Инчунин, дар ҷаласа баҳри сарфаи нерӯи барқ дастур гардидааст, ки  фаъолияти нонвойхонаҳо ва гармобаҳои барқиро қатъ намуда, бо пешгирии омилҳои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, пурзӯр намудани тадбирҳои зиддисӯхторӣ, ҳолати бо сӯзишвориҳои алтернативӣ гарм кардани манзилҳои индивидуалии сокинон дар таносуби маҳаллаҳои маскунии шаҳр мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо натиҷагирӣ аз фаъолияти анҷомдодаи сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ вобаста ба рафъи оқибатҳои барфи аз меъёр зиёд борида, таъмини ҳаракати муназзами нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ  тадбирҳои андешидаи сохторҳои зидахлро, хусусан дар ноҳияҳои И.Сомонӣ ва Фирдавсӣ ғайриқаноатбахш  арзёбӣ намуда, дастур фармудааст, ки зери масъулияти шахсии раисони ноҳияҳо дар тарҳрезии фаъолияти минбаъдаи Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ба мавсим қатъиян таҷдиди назар карда шавад.

Ҳамзамон, бо инобати таҳлилҳои воридшавии муроҷиатҳои пайвастаи телефонӣ ба бахши навбатдории шабонарӯзии шаҳрдорӣ оид ба вазъи таъминоти  шаҳр бо нерӯи барқ аз ҷониби сохторҳои зертавозуни ШСХК «Барки Тоҷик» ба сокинони ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии шаҳр сохторҳои шаҳрии ширкати зикршударо муваззаф сохт, ки дар ҳамкории пайвастаю пайгирона бо субъектҳои марбутаи ширкати номбурда чораҳои мушаххас андешанд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл ширкати «Барқи тоҷик» овозаҳои ҷойдошта дар Душанбе доир ба ҷорӣ шудани лимити барқ дар пойтахтро рад карда, аз сокинони пойтахт маъзарат хост.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.