«Барқи тоҷик»: дар Душанбе лимит ҷорӣ нашудааст

Ширкати «Барқи тоҷик» овозаҳои ҷойдошта дар Душанбе доир ба ҷорӣ шудани лимити барқ дар пойтахтро рад мекунад. Маҳмадумар Асозода, муовини аввали раиси ширкати «Барқи тоҷик» тариқи васоити ахбори умуми шаҳр аз истеъмолгарони барқи пойтахт маъзарат хоста, изҳор доштааст, ки санаи 27-уми ноябри соли 2016, соати 18-00 дар хати интиқоли барқи 110 кВ, ки зеристгоҳи «Новая»-ро […]

Asia-Plus

Ширкати «Барқи тоҷик» овозаҳои ҷойдошта дар Душанбе доир ба ҷорӣ шудани лимити барқ дар пойтахтро рад мекунад.

Маҳмадумар Асозода, муовини аввали раиси ширкати «Барқи тоҷик» тариқи васоити ахбори умуми шаҳр аз истеъмолгарони барқи пойтахт маъзарат хоста, изҳор доштааст, ки санаи 27-уми ноябри соли 2016, соати 18-00 дар хати интиқоли барқи 110 кВ, ки зеристгоҳи «Новая»-ро бо зеристгоҳи «Заводская» пайваст менамуд, нуқсони техникӣ ба амал омада, дар натиҷа як қисми сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз соати 18-00 то 21-32 бе барқ монданд.

«Сабаби пайдоиши нуқсони номбурда вобаста ба серборӣ дучор шудани хатҳои интиқоли барқ аз сардии ҳаво ва аз меъёр зиёд истифода бурдани нерӯи барқ аз тарафи истеъмолбарандагон  мебошад», – гуфтааст ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки гурӯҳҳои махсуси шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ва шабакаҳои барқии Марказӣ дар муддати кӯтоҳ нуқсони баамаломадаро бартараф намуда, интиқоли барқро барқарор намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.