Эмомалӣ Раҳмон саммити Будапештро воситаи муҳими ҳалли масоили об арзёбӣ кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об рӯзи 28 ноябр дар Саммити оби Будапешт иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори ин чорабинии муҳим доир ба масоили об ҳамчунин Президенти Маҷористон Янош Адер, Президенти Ҷумҳурии Маврикий, ҳамраиси Панели сатҳи баланд оид […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об рӯзи 28 ноябр дар Саммити оби Будапешт иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори ин чорабинии муҳим доир ба масоили об ҳамчунин Президенти Маҷористон Янош Адер, Президенти Ҷумҳурии Маврикий, ҳамраиси Панели сатҳи баланд оид ба об хонум Амина Ғуриб Факим, Сарвазири Ҷумҳурии Халқии Бангладеш хонум Шайх Ҳасина, Раиси Маҷмааи Умумии СММ Питер Томпсон, Мудири иҷроия, роҳбари молиявии ва Бонки ҷаҳонӣ Йоахим Леви иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, саммити оби Будапешт бо суханронии Президенти Маҷористон Янош Адер ва Паёми видеонавории Дабири кулли СММ Пан Ги Мун оғоз гардида сипас дар ҳузури иштирокчиёни он Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баргузории Саммити оби Будапештро воситаи муҳими ҳамоҳангсозии талошҳои муштараки байналмилалӣ дар соҳаи об арзёбӣ карда аз нақш ва мақоми устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон ёдовар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охир масъалаҳои вобаста ба обро дар чорчӯбаи Рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш бурда бо ташаббуси он ва як қатор кишварҳои дигари ҷаҳон Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид солҳои гуногунро  Соли байналмилалии оби тоза, Даҳсолаи байналмилалии амали  “Об барои ҳаёт” барои солҳои 2005-2015 ва Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об эълон кардааст.

Дар баробари ин ташаббусҳои бузург имрӯз низ Тоҷикистон дар ҳалли масоили марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон фаъолона иштирок намуда иқдому ташаббусҳои наву муҳимро дар ин самт пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ менамояд.

Барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор оид ба об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани заминаи мусоид ва имконоти муосирро дар ин самт зарур шуморида  ҷонибдории пешниҳодро доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти унвони “Об барои рушди устувор” амали муҳими  башардӯстона арзёбӣ кард.

Аз нигоҳи Сарвари давлати Тоҷикистон ин ташаббус заминаи мусоиди  таҳкими нақши об дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашударо фароҳам оварда ба ҳамкории бештару зичтари давлатҳо дар соҳаи об мусоидат менамояд.

Бо назардошти ин Президенти Тоҷикистон бори дигар таваҷҷуҳи ҳозиринро барои таҳкими ҳамгироӣ дар роҳи истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ, беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ва ба роҳ мондани мудирияти ҳамгироёнаи онҳо, ҳифзи низоми экологии об, пешгирии хавфи сар задани бӯҳронҳои обиву хатари тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои марбут ба об ҷалб намуд.

Дар охир Сарвари давлати Тоҷикистон Саммити оби  Будапештро заминаи мусоид барои муҳокимаи созандаи ҷанбаҳои мубрами масъалаҳои вобаста ба об дар ҷаҳони муосир арзёбӣ карда изҳори боварӣ  намуд, ки ин тадбир боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои сайёра дар роҳи  расидан ба ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба об хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.