ВКД аз боздошти маҳбуси фирорӣ хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти маҳбусе, ки чанд рӯз қабл аз зиндони низомаш шадиди №3-и шаҳри Хуҷанд фирор карда буд, хабар дод. «Санаи 26 ноябри соли 2016, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, маҳкумшуда Амонуллохон Носириро, ки аз муассисаи ислоҳии шаҳри […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти маҳбусе, ки чанд рӯз қабл аз зиндони низомаш шадиди №3-и шаҳри Хуҷанд фирор карда буд, хабар дод.

«Санаи 26 ноябри соли 2016, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, маҳкумшуда Амонуллохон Носириро, ки аз муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд фирор намуда буд, дастгир намуданд», – омадааст дар хабари маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, маҳкумшуда Носирӣ Амонуллохон рӯзи 24-уми ноябри соли 2016, аз муассисаи ислоҳии №3/3 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми адои ҷазо фирор намуда, баъди ду рӯзи ғайриқонунӣ дар озодӣ қарор доштанаш, номбурда дар ҳудуди деҳаи Чилгазии шаҳри Исфара дастгир ва ба муассисаи ислоҳӣ баргардонида шуд.

Зикр мегардад, ки маҳбус Амонуллохон Носирӣ, соли таваллудаш 1990, миллаташ тоҷик, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Навгилем, деҳаи Шуртанг буда, солҳои гуногун  се маротиба суд шудааст.

Нисбати ӯ соли 2005 мутобиқи талаботи моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ҷазо дар намуди 120 соат корҳои ҳатмӣ, соли 2009 бо моддаи 244 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 8 солу 6 моҳ ва санаи 04.07.с.2013, барои содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар асоси талаботи моддаи 248 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди шаҳри Исфара ба мӯҳлати 11 сол маҳрум кардан аз озодӣ ҷазо таъин карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.