Толибилми тоҷик яке аз ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ

АМИТ «Ховар»

Дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия 14-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба номи А.С.Пушкин баргузор гардид, ки дар он 6 нафар хонанда Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намудаанд.

Тавре котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушвахт ба АМИТ «Ховар» хабар додааст, дар олимпиадаи мазкур аз 29 давлати дунё хонандагон иштирок намуда, дар ҷамъбасти олимпиада Комила Шаҳидова, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе ба даҳгонаи ғолибон шомил гардидааст.

«Ин сеюмин Шоҳҷоизаи хонандаи тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони русӣ ба номи А.С.Пушкин мебошад. Ба он соли 2008 хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15 шаҳри Душанбе Рустам Кенҷаев, соли 2013 хонандаи мактаби Президентии шаҳри Бўстон Нодира Раҳимова ва соли 2016 Комила Шаҳидова, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе сазовор гардидаанд. Кумитаи тадорукоти олимпиада пешниҳод намуд, ки иштирокчиёни олимпиадаи мазкур имкон доранд ба донишгоҳҳои олии Федератсияи Русия ва Тоҷикистон дохил гардида, сазовори номи донишҷў гарданд», – илова намудааст котиби матбуоти Вазорати маориф ва илм.

Гуфта мешавад, аз аввали соли 2016 инҷониб хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳолланд, Гурҷистон, Руминия, Гонконг, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Федератсияи Русия, Ветнам, Швейтсария, Эрон ва Индонезия баргузор гардиданд, сазовори 127 медал: 21 ҷойи якум, 33 ҷойи дуюм, 73 ҷойи сеюм ва 33 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...