Иштироки низомиёни рус дар тамринҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар тамринҳои тактикии гуногуннавъ бо тирпарронии ҷангии «Щит-2016» дар Тоҷикистон иштирок карданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Хавзаи ҳарбии марказии Русия, ба ин тамринҳо беш аз 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Русия ва зиёда аз 1,5 ҳазор адад техникаи ҳарбӣ сафарбар шуданд. Гуфта мешавад, дар […]

Asia-Plus

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон дар тамринҳои тактикии гуногуннавъ бо тирпарронии ҷангии «Щит-2016» дар Тоҷикистон иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Хавзаи ҳарбии марказии Русия, ба ин тамринҳо беш аз 10 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Русия ва зиёда аз 1,5 ҳазор адад техникаи ҳарбӣ сафарбар шуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни тамринҳо ба такмили малакаҳои роҳандозии амалҳои муштарак бо воҳидҳои Вазорати мудофиа, Қушӯнҳои сарҳадӣ ва дохилии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст. Дар оғози тамрин хизматчиёни ҳарбии ҳарду кишвар бо бонги хатар бархезонида шуда, то машқгоҳи Лоҳур раҳпаймоӣ кардаанд.

Зикр мегардад, ки муддати се рӯз масъалаҳои тарзи амал ва ҳаллу фасли вазъҳои буҳронӣ ва дар марҳилаи хотимавӣ вазифаҳои ташкили мудофиа ва ҳамла, ҷустуҷӯ ва нобуд кардани гурӯҳҳои тахрибкор (диверсионӣ)-у террористии ҳарифи эҳтимолӣ, ки марзи Тоҷикистонро убур кардаанд ва роҳу воситаҳои баромадан аз майдони муҳориба ва бозпас нишастан ба минтақаҳои таъиншуда ҷиҳати дубора сафарбарии нерӯ ва воситаҳо мавриди омӯзишу таҷриба қарор гирифтаанд

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио