Шарҳи КДАМ оид ба тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон

Хабаргузории «Озодагон»

Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тирпаронии 28-уми ноябр дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо такя ба идораи марзбонии Тоҷикистон, мақомоти тоҷик иттилои ҷониби Қирғизистон дар мавриди тирпаронӣ дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Мин-Оруқи ҷамоати Самаркандики ноҳияи Бодкандро санҷида, муайян намудааст:

“Соати 7:20 дақиқа бо вақти маҳаллӣ марзбонҳои тоҷик зимни адои хидмат дар қаламрави Тоҷикистон мушоҳида кардаанд, ки марзбонҳои қирғиз дар қаламравашон мошинеро нигоҳ доштанд. Бо сабабҳои номаълум миёни марзбонҳои қирғиз ва соҳибони мошин нофаҳмӣ сурат гирифтааст ва ронандаи мошин талош кардааст ба қисмати дарунтари Қирғизистон паноҳ барад. Дар натиҷа марзбонҳои қирғиз 16 тир холӣ кардаанд. Дар посух марзбонҳои тоҷик низ се тири огоҳкунанда ба ҳаво холӣ кардаанд”.

Мақомоти тоҷик гуфтаанд, дар пайи ин қазия касе осеб надида ва ҷонибҳо фавран мулоқот гузаронда, тасмим гирифтанд, ки ҳодиса таҳқиқ шавад. Инчунин намояндагони марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон созиш кардаанд, ки то 10-уми декабр барои сардорони қисмҳои марзбонӣ дар бораи тартиби рафтор дар хатти сарҳад машғулиятҳо гузаронанд.

Гуфта мешавад, мақомоти марзбонии Тоҷикистон зикр кардаанд, ки айни ҳол вазъ дар марз муътадил буда, хидмат тибқи реҷаи муқаррарӣ идома дорад.

Қаблан мақомоти марзбонии Қирғизистон дар бораи ин ҳодиса хабар дода, изҳор дошта буданд, ки нахуст марзбонҳои тоҷик сӯи ҳаво тир холӣ кардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...