Cоли 2030 нисфи аҳолии Тоҷикистон ба «синфи миёна» табдил меёбад

Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумон имрӯз, 1 декабр Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро маъқул шуморид.

Зимни шарҳи муҳтавои Стратегия назди вакилон вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода қайд кард, ки санади мазкур ба таъмини амнияти энергетикӣ ва ҳамчунин раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба кишвари транзитӣ нигаронида шудааст.

Вазир таъкид намуд, ки барои амалисозии вазифаҳои Стратегия ҷалби 118,1 млрд. доллари ИМА маблағ дар назар аст. «Дар доираи татбиқи Стратегия барномаҳои соҳавии ба ислоҳоти соҳаҳои маорифу илм, ҳифзи иҷтимоӣ, амният, демография, омодасозии кадрдҳои соҳибтаҷриба равонагардида қабул мешаванд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин санад ду баробар кам шудани сатҳи камбизоатӣ (соли 2015 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 31% арзёбӣ шуд) пешбинӣ гардида, аз 22%-и ҳозира то 50% боло бурдани ҳиссаи шаҳрвандон бо даромади миёна ба нақша гирифта шудааст.

Неъматулло Ҳикматуллозода илова намуд, ки барои иҷрои саривақтӣ ва пурраи нишондиҳандаҳои Стратегия Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо бархӯрдор аст.

Ёдрас мекунем, ки 30 сентябри соли равон Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шуда, ин санадро вазорату идораҳои дахлдор бо ҷалби коршиносон таҳия карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.