Як манбаъ аз ҳукумат: Техникаи ҳарбии Русия барои Тоҷикистон танҳо нав хоҳад буд

Date:

Тамоми аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳое, ки Тоҷикистон Русия ба медиҳад, танҳо нав хоҳанд буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҳамаи техника нав буда, қаблан аз ҷониби низомиёни рус истифода нашудааст. «Ин миқдори зиёди техникаи авиатсионӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангӣ, техникаи зиреҳпӯш, аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ва воситаҳои алоқа мебошад. Шумор ва навъи техникаҳо махфӣ аст», – иброз дошт манбаъ.

Хотиррасон шуд, ки ин тавофуқи таъмини Тоҷикистон бо аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ аз ҷониби Русия барои таҷдду азнавсозии артиши Тоҷикистон дар гуфтушуниди Маскаву Душанбе зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин моҳи октябри соли 2012 ҳосил шуда буд.

«Шарикон ва иттифоқчиёни мо ба хубӣ дарк мекунанд, ки аслиҳаву муҳимот ва техникаи нави ҳарбии Русия, ки ба ихтиёри Тоҷикистон дода мешавад, дар шароити густариши фаъолияти созмонҳои байнулмилалии террористӣ дар Шарқи Наздик ва Афғонистон ба таъмини амният ва сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ва минтақат таҳти таъсири СААД мусоидат хоҳад кард», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл зимни вохӯрӣ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу изҳор дошт, ки соли 2017 Русия ба фиристодани миқдори зиёди техникаи авиатсионӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳову чархболҳо ба Тоҷикистон шурӯъ мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...