Як манбаъ аз ҳукумат: Техникаи ҳарбии Русия барои Тоҷикистон танҳо нав хоҳад буд

Тамоми аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳое, ки Тоҷикистон Русия ба медиҳад, танҳо нав хоҳанд буд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҳамаи техника нав буда, қаблан аз ҷониби низомиёни рус истифода нашудааст. «Ин миқдори зиёди техникаи авиатсионӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангӣ, техникаи зиреҳпӯш, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тамоми аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва чархболҳое, ки Тоҷикистон Русия ба медиҳад, танҳо нав хоҳанд буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ҳамаи техника нав буда, қаблан аз ҷониби низомиёни рус истифода нашудааст. «Ин миқдори зиёди техникаи авиатсионӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои ҷангӣ, техникаи зиреҳпӯш, аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ ва воситаҳои алоқа мебошад. Шумор ва навъи техникаҳо махфӣ аст», – иброз дошт манбаъ.

Хотиррасон шуд, ки ин тавофуқи таъмини Тоҷикистон бо аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ аз ҷониби Русия барои таҷдду азнавсозии артиши Тоҷикистон дар гуфтушуниди Маскаву Душанбе зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин моҳи октябри соли 2012 ҳосил шуда буд.

«Шарикон ва иттифоқчиёни мо ба хубӣ дарк мекунанд, ки аслиҳаву муҳимот ва техникаи нави ҳарбии Русия, ки ба ихтиёри Тоҷикистон дода мешавад, дар шароити густариши фаъолияти созмонҳои байнулмилалии террористӣ дар Шарқи Наздик ва Афғонистон ба таъмини амният ва сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ ва минтақат таҳти таъсири СААД мусоидат хоҳад кард», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл зимни вохӯрӣ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу изҳор дошт, ки соли 2017 Русия ба фиристодани миқдори зиёди техникаи авиатсионӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳову чархболҳо ба Тоҷикистон шурӯъ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.