Биниши нокофӣ ба парвози ҳавопаймоҳои Turkish Airlines ба Душанбе имкон надод

Раёсати авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон сарду садо дар робита ба мутаваққиф шудани парвози ҳавопаймоҳо аз ҷониби ширкати байналмилалии “Turkish Airlines”-ро рад карда ва мегӯяд, мушкил ҳалли худро пайдо кардааст. Юсуф Раҳмон, сардори раёсати авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 1 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “хабарҳо дар бораи қатъи парвозҳо аз ҷониби ширкати “Turkish Airlines” […]

Радиои Озодӣ

Раёсати авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон сарду садо дар робита ба мутаваққиф шудани парвози ҳавопаймоҳо аз ҷониби ширкати байналмилалии “Turkish Airlines”-ро рад карда ва мегӯяд, мушкил ҳалли худро пайдо кардааст.

Юсуф Раҳмон, сардори раёсати авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 1 декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “хабарҳо дар бораи қатъи парвозҳо аз ҷониби ширкати “Turkish Airlines” воқеият надорад. Дар ин авохир як мушкили техникӣ аз ҷониби худи ширкат дар заминаи биниш (“видимость”)-и ҳавопаймоҳо барои нишаст дар фурудгоҳ пеш омад, ки ҳамакнун рафъ гардид”.

Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмон, дар ин охирҳо "бо сабабҳои фаннӣ" ҳавопаймоҳои ширкатҳои туркӣ аз мушкили биниш шикоят карданд, вале ин мушкил аллакай ҳал шудааст ва аз ин ба баъд парвозҳо бидуни мамоният идома мекунад. Дар шарҳи ин назар, Юсуф Раҳмон гуфт:

​“Халабҳо одатан аз баландии на камтар аз 1,5 ҳазор метр барои нишастан тасмим мегиранд ва ба фуруд овардани ҳавопаймо омода мешаванд. Аммо халабонҳои ширкати “Turkish Airlines” мегӯянд, барои тасмими нишастани ҳавопаймо онҳо бояд то 5 ҳазор метр масофаро дида тавонанд.

Яъне муқаррароти системаи кори онҳо ҳамин аст. Албатта ин мушкили ҷиддие барои қатъи парвозҳо надорад. Мо роҳашро пайдо кардем ва як хати нишастани ҳавопайморо барои онҳо пешниҳод кардем ва онҳо парвозҳояшонро анҷом медиҳанд. Фаъолияти ширкати “Turkish Airlines” идома пайдо мекунад”.

Масъулони намояндагии ширкати “Turkish Airlines” низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳеҷ хабаре дар мавриди эҳтимоли мутаваққиф шудани парвозҳо миёни Душанбе ва Истамбул тавассути ин ширкат нест. Ҳама парвозҳо аз рӯи нақшаи маъмулӣ пеш меравад. Ба гуфтаи ин масъулон, дар ин авохир ду маротиба ба сабаби номусоидии ҳаво ва барфрезиҳои шадид ҳавопаймо натавонист дар фурудгоҳ нишинад, ки ҳамакнун ҳаво беҳтар шудааст ва интизор дорем рӯзи шанбе парвозҳо идома пайдо кунанд.

Масъулони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ гуфтанд, ки иттилое ба онҳо дар мавриди мутаваққиф шудани парвозҳо тавассути ширкати “Turkish Airlines” нарасидааст, вале вуҷуди ҳаводиси ахир дар робита ба мушкили биниши ҳавопайморо тасдиқ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер