Эмомалӣ Раҳмон: Мо ба сатҳи ҳамкориҳо бо Чехия баҳои баланд медиҳем

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири ин кишвар Богуслав Соботка дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунии ҳамкорӣ ва дарёфти роҳҳои нави рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чехия баррасӣ шуд. Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштааст, ки Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири ин кишвар Богуслав Соботка дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунии ҳамкорӣ ва дарёфти роҳҳои нави рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чехия баррасӣ шуд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону ҷумҳурии ба мо дӯсти Чехия ва Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд медиҳем. Мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупоро яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ пазируфтаем.

Аз таҷрибаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Чехия изҳори қаноатмандӣ карда, Эмомалӣ Раҳмон баргузории мулоқоту вохӯриҳо миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар, иштирок дар чорабиниҳои иқтисодиву сармоягузорӣ ва роҳандозии тамосҳои мустақими корӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштаракро омили дигари таъмиқи равобити дӯстию ҳамкорӣ номиданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, технологияи нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, туризм ва ҷалби сармояи Чехия низ аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои дуҷониба номида шуд.

Дар мулоқот оид ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, масъалаи ҳалли қазияи сиёсию низомии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.