Тавофуқи Тоҷикистону Чехия доир ба ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ

Зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни кишварҳо 2 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Сарони давлатҳо Изҳороти муштараки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба таҳкими ҳамкориҳоро қабул карданд. Сипас дар ҳузури сарони давлатҳо Созишнома […]

Asia-Plus

Зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни кишварҳо 2 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Сарони давлатҳо Изҳороти муштараки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехия оид ба таҳкими ҳамкориҳоро қабул карданд.

Сипас дар ҳузури сарони давлатҳо Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид.

Ҳамчунин дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Чехия аз ҷониби Прокуророни генералии ҳар ду кишвар имзо карда шуд.

Баъди анҷоми расмиёти имзои санадҳои дуҷониба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма бо изҳороти матбуотӣ баромад карда, натиҷаҳои музокироту мулоқотҳои дуҷониба ва имзои санадҳои нави ҳамкориро дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Чехия руйдоди пурарзиш маънидод намуданд.

Интизор меравад, ки имрӯз баъди анҷоми кори Форуми соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистон ва Чехия боз ду санади нав – Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи саноатчиёни Ҷумҳурии Чехия ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Чехия ба имзо расад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.