Паёми президент ба парлумон то соли нав ироа мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 22 декабр паёми ҳамасолаи худ ба парлумонро ироа мекунад. То соли 2014 президент бо паёми худ ҳамасола моҳи апрел дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон суханронӣ мекард.

«Шурӯъ аз соли 2015 президент паёми худро моҳи январ дар парлумон изҳор мекард. Сабаби асосии ба вақти дигар гузаронидани санаи ироаи паём ба он марбут аст, ки аллакй муддати ду сол аст, ки соли молиявӣ дар ҷумҳурӣ на аз 1 апрел чун солҳои пешин, балки аз моҳи январ шурӯъ мешавад», – хотиррасон намуда ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз ҳамин сол ироаи паёми асосии сарвари давлат ба парлумон қабл аз оғози соли нав сурат мегирад. Президент имсол паёми худро ба ҳарду палатаи парлумон санаи 22 декабр иброз медорад.

Дар паём президент ба масоили сиёсати дохиливу хориҷии кишвар дахл намуда, самтҳои асосии рушди иқтисод, бахши иҷтимоӣ ва ҷомеа дар соли 2017-ро муайян мекунад. Ба ин чорабинӣ маъмулан аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...