Се нафари ҷасади занро ба қисмҳо ҷудокарда маҳкум шуданд

Asia-Plus

Суди шаҳри Душанбе нисбати шаҳрвандон Исматуллоҳ Муҳаммадиев, Дарвеш Абдураҳимов ва Нуриддин Алибоев, ки дар куштори як зан гумонбар дониста мешуданд, ҳукм содир намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, моҳи июли соли равон Муҳаммадиев бо ҳамроҳии рафиқонаш Абдураҳимов ва Алибоев дар ҷои кораш –  тарабхонаи “Истаравшан”-и  ш. Душанбе бо мизоҷи ҳозиршуда Фотима Боймурзаеваи 23-сола, ки пиво менӯшид, шинос шуда, маслиҳат намудаанд, ки бо истифода аз  мастии Боймурзаева, ӯро ба хонаи Абдураҳимов бурда, бо ӯ ҳамхоба мешаванд.

Гуфта мешавад, дар  хонаи Абдураҳимов онҳо пивонӯшӣ ва суҳбаташонро идома дода, Муҳамадиев кӯшиш кардааст, ки бо зан алоқаи ҷинсӣ намояд, аммо ӯ рад намудааст. Номбурдагон  бо истифодаи болишт Боймурзаева Ф.А.-ро нафасгир намуда, ба ҳалокат расонидаанд. Сипас  номбурдагон ҷасади ӯро ба қисмҳо ҷудо карда, ба самти дарёи Душанбе, бурда, назди Қасри варзишӣ аз болои пули оҳанини одамгузар ба дарё партофтаанд.

Зикр мегардад, ки суди шаҳри Душанбе Алибоевро ба 21 сол, Абдураҳимовро ба 20 сол ва Муҳаммадиевро ба 19 солу 6 моҳи зиндони низомаш шадид маҳкум кард. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.