Гузориши тасвирӣ аз маросими ба истифода додани навбати дуюми МБГ Душанбе-2

Asia-Plus

Бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Хишти аввали сохтмони навбати дуюми маркази барқу гармидиҳӣ (ИБГ) бо иқтидори 300 мегават аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд.

Зимни суханронии хеш Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти муҳимро ба ҳозирин муборакбод гуфта, пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе – 2 – ро бо иқтидори умумии 400 мегаватт иқдоми назаррас барои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ва гармӣ арзёбӣ кард. Баробари бунёди марказ беш аз 700 нафар сокинони маҳаллӣ, бахусус ҷавонони ихтисосманд бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.