Сабуктар шудани лимити истифодаи барқ дар Тоҷикистон

Дар робита ба мавриди истифода қарор додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) дар Тоҷикистон сабуктар шуд. Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар» бо такя ба маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик», мутобиқи дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъминоти барқ барои он минтақаҳои кишвар, ки дар доираи маҳдудият барқ мегиранд, ба миқдори […]

Asia-Plus

Дар робита ба мавриди истифода қарор додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) дар Тоҷикистон сабуктар шуд.

Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар» бо такя ба маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик», мутобиқи дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъминоти барқ барои он минтақаҳои кишвар, ки дар доираи маҳдудият барқ мегиранд, ба миқдори се соат зиёд шуда, акнун минтақаҳо пагоҳӣ аз соати 05-00 то 10-00 ва бегоҳӣ аз соати 17-00 то 22-00 барқ мегиранд.

Қобили зикр аст, ки санаи 8 декабр Бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Хишти аввали сохтмони навбати дуюми маркази барқу гармидиҳӣ (ИБГ) бо иқтидори 300 мегават аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд.

Тавре дар суханронии Сардори давлат дар ин маросим зикр гардид: «Дар натиҷаи ба кор оғоз намудани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2» имкон пайдо мегардад, ки дар як шабонарӯз 7,2 миллион киловатт/соат неруи барқ истеҳсол карда шавад»

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.