Омодагии раиси пойтахт ва муовинони ӯ ба қабули шаҳрвандон 6 рӯз дар 1 ҳафта

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷадвали нави қабули шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарони мақомоти шаҳрдории пойтахтро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он минбаъд раиси шаҳр ва муовинони ӯ қабули шаҳрвандонро 6 рӯз дар 1 ҳафта ба роҳ мемонанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, рӯзҳои шанбеи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷадвали нави қабули шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ аз ҷониби роҳбарони мақомоти шаҳрдории пойтахтро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он минбаъд раиси шаҳр ва муовинони ӯ қабули шаҳрвандонро 6 рӯз дар 1 ҳафта ба роҳ мемонанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе дар ин робита иттилоъ дод, рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта аз соати 09-00 то 12-00 шаҳрвандонро шахсан Маҳмадсаид  Убайдуллоев қабул мекунад.

Ҷадвали қабули шаҳрвандон аз ҷониби муовинони раиси пойтахт тариқи зайл муқаррар шудааст: муовини аввал Расулбек Ашӯров – рӯзҳои душанбе; муовинон: Низом Ҳакимов – рӯзи сешанбе; Шакарбек Самадов – чоршанбе; Шавкат Мақсудзода – панҷшанбе ва Ҷамила Лангариева – ҷумъа аз соати 17-00 то 19-00.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба муовинони худ дастур додааст, ки ба ҳамаи муроҷиату дархостҳо ва арзу шикоятҳои хаттиву шифоҳӣ ва ҳамчунин тариқи интернет ирсолшудаи шаҳрвандон саривақт ва дар сатҳи зарурӣ расидагӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки қаблан роҳбарони мақомоти шаҳрдори шаҳри Душанбе шаҳрвандонро асосан рӯзҳои шанбеи ҳафта қабул мекарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.