Ҳузури нозирони тоҷик дар раъйпурсӣ оид ба тағйирот дар Конститутсияи Қирғизистон

Ду нафар намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба сифати нозирон дар пайгирӣ (мониторинг)-и маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Конститутсияи Қирғизистон иштирок мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, аъзои КМИР Муҳаммадборон Зоиров ва сармутахассиси КМИР Фирдавс Табаров ба ҳайати нозирон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ду нафар намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба сифати нозирон дар пайгирӣ (мониторинг)-и маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Конститутсияи Қирғизистон иштирок мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, аъзои КМИР Муҳаммадборон Зоиров ва сармутахассиси КМИР Фирдавс Табаров ба ҳайати нозирон аз кишварҳои узви ИДМ шомил шудаанд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Қирғизистон, раъйпурсии қарибулвуқӯъ ба баҳсҳои зиёд дар ҷомеа боис гардида, ҷонибдорони тағйирот бар ин назаранд, ки он ба таҳкими мақоми парлумон равона шудааст, вале ҳарифони онҳо мегӯянд, наздикони гирду атрофи президенти Алмазбек Отамбоев ба ин васила ҳокимияти худро нигоҳ доштанианд.

Раъйдиҳандагон ба саволи «Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ҶҚ», ки Жогорку Кенеш ба раъйдиҳӣ пешниҳод кардааст, қабул шавад?» ҷавоби мусбат ё манфӣ медиҳанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...