Муҷассамаи Сино ба мавзеи назди Донишгоҳи тиббӣ кӯчонида мешавад

Муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 1984 дар маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе гузошта шудааст, ба қисмати ғарбии хиёбони А. Сино ва наздикии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино кӯчонида шуда, майдони умумии он масоҳати 2 гектарро фаро мегирад. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», зимни мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ ва Дебора Коузинс, […]

Asia-Plus

Муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 1984 дар маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе гузошта шудааст, ба қисмати ғарбии хиёбони А. Сино ва наздикии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино кӯчонида шуда, майдони умумии он масоҳати 2 гектарро фаро мегирад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», зимни мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ ва Дебора Коузинс, директори шуъбаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба масоили муҳити зист ва рушди устувор ҷиҳати кӯчонидани муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар доираи лоиҳаи ин Бонк оид ба беҳтарсозии роҳҳо суҳбат сурат гирифтааст.

«Интихоби мавзеъ барои кӯчонидани муҷассама якҷоя бо ҳама вазорату идораҳои дахлдор мавриди омӯзиш қарор гирифтааст ва муҷассама ба мавзеи нав бе расонидани зарар ба муҳити зист ва арзиши мероси фарҳангӣ кӯчонида мешавад»,- иброз доштааст Шамсиддин Орумбекзода.

Қобили зикр аст, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи таъмиру азнавсозии роҳи мошингард аз муҷассамаи Сино то дарвозаҳои ғарбии Душанбе дар ҷойи муҷассама сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби ин лоиҳа кӯчонида шудани дарвозахои ғарбии пойтахт, бурида шудани тақрибан 3 ҳазор дарахт дар майдони сохтмони роҳ ва қатъи фаъолияти чандин нуқтаҳои фурӯш дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...