Афзоиши кумаки молии ИМА ба Тоҷикистон дар соли 2017

Вазорати умури хориҷии Амрико дар буҷети соли ояндааш барои Тоҷикистон 41,6 миллион доллар кӯмаки молӣ пешбинӣ кардааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, кӯмаки молии қаблии ин вазорат ба Тоҷикистон дар соли 2015 – 28 миллиону 941 ҳазор долларро ташкил медод. Гуфта мешавад, дар гузориши Вазорати хориҷаи Амрико ҳадаф аз кӯмаки молӣ "пуштибонӣ аз фаъолияти муассири […]

Радиои Озодӣ

Вазорати умури хориҷии Амрико дар буҷети соли ояндааш барои Тоҷикистон 41,6 миллион доллар кӯмаки молӣ пешбинӣ кардааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, кӯмаки молии қаблии ин вазорат ба Тоҷикистон дар соли 2015 – 28 миллиону 941 ҳазор долларро ташкил медод.

Гуфта мешавад, дар гузориши Вазорати хориҷаи Амрико ҳадаф аз кӯмаки молӣ "пуштибонӣ аз фаъолияти муассири сохторҳои давлатӣ, фароҳам кардани замина барои тавсеаи касбии хадамоти амниятӣ, рушди ҳамкориҳои ИМА бо Тоҷикистон дар бахши амниятӣ ва мусоидат дар рушди ҷомеаи маданӣ, соҳибкорӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳамкориҳо дар бахшҳои обу энержӣ" гуфта шудааст. Вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, ки Тоҷикистон аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон буда ва ба кӯмакҳои молии байналмилалӣ ниёз дорад.

Зикр мегардад, ки Вазорати хориҷаи Амрико гузориш ҳамчунин гуфтааст, Тоҷикистон дар самти рушд ва амният ба чолишҳое назири камбуди доимии ғизою нерӯи барқ, истифодаи ғайримуассири об, марзи тӯлонию ноором бо Афғонистон, фасоди густарда, институтҳои ақибмондаи демократӣ ва системаи ба талабот ҷавобгӯ набудаи маорифу тандурустӣ, рӯбарӯ мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...