Видеоклипи нави Таҳмина Ниёзова дар YouТube

Саҳфаи расмии овозхони шинохтаи тоҷик Таҳмина Ниёзова дар YouТube клипи нави ӯро нашр кардааст. Ин клип бар пояи таронаи русии “Ты не достоин меня” (Ту сазовори ман нестӣ) дар Македония наворбардорӣ шудааст. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», матни тарона аз Кирилл Комбаров ва оҳанги он моли Зоран Алексис мебошад. Таҳмина ба “Россия для всех” гуфтааст, […]

Хабаргузории «Озодагон»

Саҳфаи расмии овозхони шинохтаи тоҷик Таҳмина Ниёзова дар YouТube клипи нави ӯро нашр кардааст. Ин клип бар пояи таронаи русии “Ты не достоин меня” (Ту сазовори ман нестӣ) дар Македония наворбардорӣ шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», матни тарона аз Кирилл Комбаров ва оҳанги он моли Зоран Алексис мебошад. Таҳмина ба “Россия для всех” гуфтааст, продюсераш Даниэл Стоядинович ба вай пешниҳод карда, то клип дар Македония сабт шавад: “Ӯ пешниҳод кард, то ба Македония рафта, бо композитор Зоран Алексис ошно шавам”.

Таҳмина Ниёзова 14 феврали соли 1989 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ набераи Боймуҳаммад Ниёзов, яке аз шашмақомсароёни саршиноси тоҷик аст. Вақте 19 сол дошт, дар соли 2008 барандаи озмуни “Панҷ ситора. Интервидение” шуд. Маҳз ҳамин муваффақият ӯро миёни ҳаводорони санъати овозхонӣ маъруф кард. Ӯ бештар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарона мехонад. “Ман ошиқи ту”, “Ба нози Лайло”, “Ёри ҷонам”, “Боди сабо” ва “Занги телефон” аз маъруфтарин таронаҳори тоҷикии ӯянд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.