Сабуктар шудани лимити истифодаи барқ дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Дар робита ба мавриди истифода қарор додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) дар Тоҷикистон сабуктар шуд.

Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар» бо такя ба маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик», мутобиқи дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъминоти барқ барои он минтақаҳои кишвар, ки дар доираи маҳдудият барқ мегиранд, ба миқдори се соат зиёд шуда, акнун минтақаҳо пагоҳӣ аз соати 05-00 то 10-00 ва бегоҳӣ аз соати 17-00 то 22-00 барқ мегиранд.

Қобили зикр аст, ки санаи 8 декабр Бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Хишти аввали сохтмони навбати дуюми маркази барқу гармидиҳӣ (ИБГ) бо иқтидори 300 мегават аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин моҳи сентябри соли 2014 гузошта шуда буд.

Тавре дар суханронии Сардори давлат дар ин маросим зикр гардид: «Дар натиҷаи ба кор оғоз намудани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2» имкон пайдо мегардад, ки дар як шабонарӯз 7,2 миллион киловатт/соат неруи барқ истеҳсол карда шавад»

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.