Видеоклипи нави Таҳмина Ниёзова дар YouТube

Хабаргузории «Озодагон»

Саҳфаи расмии овозхони шинохтаи тоҷик Таҳмина Ниёзова дар YouТube клипи нави ӯро нашр кардааст. Ин клип бар пояи таронаи русии “Ты не достоин меня” (Ту сазовори ман нестӣ) дар Македония наворбардорӣ шудааст.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», матни тарона аз Кирилл Комбаров ва оҳанги он моли Зоран Алексис мебошад. Таҳмина ба “Россия для всех” гуфтааст, продюсераш Даниэл Стоядинович ба вай пешниҳод карда, то клип дар Македония сабт шавад: “Ӯ пешниҳод кард, то ба Македония рафта, бо композитор Зоран Алексис ошно шавам”.

Таҳмина Ниёзова 14 феврали соли 1989 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ набераи Боймуҳаммад Ниёзов, яке аз шашмақомсароёни саршиноси тоҷик аст. Вақте 19 сол дошт, дар соли 2008 барандаи озмуни “Панҷ ситора. Интервидение” шуд. Маҳз ҳамин муваффақият ӯро миёни ҳаводорони санъати овозхонӣ маъруф кард. Ӯ бештар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарона мехонад. “Ман ошиқи ту”, “Ба нози Лайло”, “Ёри ҷонам”, “Боди сабо” ва “Занги телефон” аз маъруфтарин таронаҳори тоҷикии ӯянд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.