Пешниҳоди барқарор кардани ҳайкали Ленин дар Душанбе

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бори нахуст дар замони соҳибистиқлолӣ бо пешниҳоди Президенти мамлакат дар дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат рӯзи 12 декабр вохӯрии роҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар бо намояндагони ҳукумат баргузор шуд. Гурӯҳи намояндагони ҳукуматро ёвари президент оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода роҳбарӣ кардааст.

Дар вохӯрӣ аз 7 ҳизби расман сабтиномшуда роҳбарони 6 ҳизб – Ҳизби халқии демократӣ, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби коммунист, Ҳизби демократ, Ҳизби Состсиалистӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ширкат варзида, раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократӣ ҳузур надоштааст.

«Иштирокчиёни вохӯрӣ масоили ҳамкории аҳзоби сиёсӣ бо ҳукумати кишвар дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, амалисозии лоиҳаҳои барои кишвар муҳим, муқовимати ҷомеа бо терроризму ифротгароиро баррасӣ карданд», – иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» яке аз иштирокчиёни вохӯрӣ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков.

Намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар доир ба масъалаҳои коҳиши ҳаҷми гаравпулии интихобот ва мусоидати ҳукуматдорон ба таъмини ҳизбҳо бо дафтарҳои корӣ ибрози ақида кардаанд.

«Ҳизби коммунист пешниҳод кард, ки ба хотири арҷгузорӣ ба замони шӯравӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи таърихи навтарини Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе яке аз ҳайкалҳои доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин барқарор шуда, ҳамчунин натиҷаҳои маъракаи хусусигардонии иншооти давлатие, ки имрӯз аз фаъолият бозмондаанду андоз пардохт намекунанд ва дар онҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё нашудааст, мавриди бозбинӣ қарор гиранд», – қайд кард Талбаков.

Ба гуфтаи ӯ, дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои марбут ба аз ҷониби ҳукумат истифода шудани имконоти кадрии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар мавриди таъинот ба мансабҳои роҳбарикунанда низ баррасӣ шудаанд.

«Мо ба ҳукумат пешниҳод кардем, ки тариқи ВАО шарҳу тавзеҳҳои роҳбарони бонкҳо роҳандозӣ шавад, зеро имрӯз онҳо дар мавриди баргардонидани амонатҳои аҳолӣ ба мушкилот дучоранд», – афзуд пешвои коммунистони тоҷик.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...