Бозгашти Тоҷиддин Пирзода ба раёсати «Тоҷиксодиротбонк»

Тоҷиддин Пирзода дубора ба раёсати ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» баргашт. Маъмурияти муваққатии аз ҷониби Бонки миллӣ ба ин муассисаи молӣ таъиншуда рӯзҳои наздик кори худро ба итмом мерасонад. Рӯзи 12 декабр маъмурияти муваққатии бонк, ки муддати 7 моҳ дар он фаъолият дошт, Тоҷиддин Пирзодаро ба кормандони «Тоҷиксодиротбонк» муаррифӣ намудааст. Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли 2016 Тоҷиддин […]

Asia-Plus

Тоҷиддин Пирзода дубора ба раёсати ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» баргашт. Маъмурияти муваққатии аз ҷониби Бонки миллӣ ба ин муассисаи молӣ таъиншуда рӯзҳои наздик кори худро ба итмом мерасонад.

Рӯзи 12 декабр маъмурияти муваққатии бонк, ки муддати 7 моҳ дар он фаъолият дошт, Тоҷиддин Пирзодаро ба кормандони «Тоҷиксодиротбонк» муаррифӣ намудааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли 2016 Тоҷиддин Пирзода ва 6 нафар мувоинони ӯ аз идораи «Тоҷиксодиротбонк» муваққатан барканор шуда буданд.

Зикр гардида буд, ки ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзии номбурда иҷрои нақшаи солимгардонии тасдиқшудаи бонкро таъмин намояд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» маълум шуд, барои ба эътидол овардани вазъи молии «Тоҷиксодиротбонк» 2 млрд. сомонӣ ҷудо шудааст. Тибқи баъзе маълумот, 80%-и саҳмияҳои бонк ба ихтиёри давлат гузаштаанд. Айни ҳол окшор кардани аз куҷову бо кадом шартҳо ҷалб гардидани ин маблағ баҳри наҷоти бонки мазкур муяссар нашуд.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умум, дар маҷлисе, ки Тоҷиддин Пирзода муаррифӣ шудааст, зикр гардидааст, ки вазифаи асосии маъмурияти нав пурра пардохт кардани қарзҳои мизоҷон мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.