ВКД: ҳудуди 50 кӯдаки тоҷики бесаробон аз Русия ба ватан оварда шуданд

Asia-Plus

Давоми сол ҳудуди 50 нафар кӯдакони хурдсоли бесаробонмондаи Тоҷикистон аз Русия ба ватан оварда шуданд.

«Аз оғози сол бо мусоидати мақомоти салоҳиятдори Русия наздики 50 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон аз Русия ба ватан фирситода шуданд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ва ҳамчунин зикр кард, ки то охири сол боз якчанд нафар чунин кӯдакон низ ба ватан интиқол меёбанд.

Ба гуфтаи ӯ, инҳо асосан кӯдаконе мебошанд, ки волидонашон аз онҳо даст кашидаанд, вале кӯдаконе ҳам ҳузур доранд, ки волидонашон дар Русия маҳкум шудаанд.

«Бо вуҷуди аз онҳо даст кашидани модаронашон, шаҳрвандони Тоҷикистон, давлати мо онҳоро дар кишвари бегона танҳо нагузошт. Ҳамаи кӯдакон дар хонаҳои кӯдакон ба тарбият фаро гирифта мешаванд. Агар касе хоҳиши фарзандхонии онҳоро дошта бошад, мо ҳатман ба онҳо кумак хоҳем кард», – гуфт намояндаи ВКД.

Қобили зикр аст, ки моҳи нояби соли гузашта чор нафар тифлони тоҷик аз Русия ба ватан баргардонида шуда, дар хонаи кӯдакони шаҳри Душанбе ба тарбият фаро гирифта шуданд.

Ҳамчунин рӯзи 20 сентябр додгоҳи ноҳияи Бутирскии шаҳри Маскав ҳукм кард, ки ҷараёни ба фарзандӣ хондани як тифли ятими тоҷик бо нақзи муқаррароти байналмилалӣ сурат гирифтааст ва ин кӯдак бояд ба Тоҷикистон баргардонида шавад. Рӯзи 20 сентябр додгоҳи ноҳияи Бутирскии шаҳри Маскав ҳукм кард, ки ҷараёни ба фарзандӣ хондани тифли ятими тоҷик бо нақзи муқаррароти байналмилалӣ сурат гирифтааст ва ин кӯдак бояд ба Тоҷикистон баргардонида шавад.

Дар номаи электроние ба унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 21 сентябр тавассути вебсайти раисиҷумҳурӣ фиристода шуд, модари ин тифли фарзандхоншуда Ҳилола Егорова дархост карда буд, ки ба ҳоли ӯ раҳм кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.