Беш аз 38 млрд. рубл ба буҷети Русия аз ҳисоби фурӯши патентҳои корӣ

Зимни суханронӣ дар Шӯрои Федератсияи Русия вазири корҳои дохилии ин кишвар Владимир Колоколтсев иттилоъ додааст, ки аз оғози сол аз ҳисоби фурӯши патентҳои корӣ ба муҳоҷирон, ба буҷети Русия беш аз 38 млд. рубл маблағ ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта қариб 1,5 баробар зиёдтар аст. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад. […]

Asia-Plus

Зимни суханронӣ дар Шӯрои Федератсияи Русия вазири корҳои дохилии ин кишвар Владимир Колоколтсев иттилоъ додааст, ки аз оғози сол аз ҳисоби фурӯши патентҳои корӣ ба муҳоҷирон, ба буҷети Русия беш аз 38 млд. рубл маблағ ворид шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта қариб 1,5 баробар зиёдтар аст. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Қаблан зикр гардида буд, ки ҳаҷми даромад аз муҳоҷирон ба буҷети Маскав аз бахши нафту газ ҳам зиёд шуда, нимсолаи аввал ҳаҷми умумии даромади андоз ба шахсони воқеъӣ аз муҳоҷирони корӣ ба буҷети Маскав ба 6,8 млрд. рубл (беш аз 100 млн. доллар) расидааст, ки нисбат ба ҳаҷми даромадҳо аз андоз аз фоидаи ширкатҳои нафтӣ 2,3 баробар бештар мебошад.

Тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ 195 ҳазор адад патентҳо дода шудаанд, ки қариб нисфи онҳо (43% ё худ 83,8 ҳазор) ба ҳиссаи шаҳрвандони Ӯзбекистон рост меоянд. Шаҳрвандони Тоҷикистон 58,5 ҳазор (30%) ва шаҳрвандони Украина 31,2 ҳазор (16%) патент гирифтаанд.

Соли 2015 аз ҳисоби фурӯши патентҳо ба буҷети Русия зиёда аз 33 млрд. рубл маблағ ворид гардида буд, ки дар муқоиса бо соли 2014 ба андозаи 85% бештар аст. Соли гузашта ба муҳоҷирон 1,8 млн. чунин ҳуҷҷатҳо дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», дар чандин минтақаҳои Русия, аз ҷумла дар шаҳру вилояти Маскав, Твер, Саратов, Уляновск, Волгоград, Свердловск, Челябинск мехоҳанд аз соли нав нархи патенташон барои муҳоҷирони хориҷиро бозбинӣ кунанд ва албатта, ба самти афзоиши нархи он.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.