Чин барои истеҳсоли аммиак ва карбомид дар Тоҷикистон 360 млн. доллар маблағгузорӣ мекунад

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хэнан Чжун-Я Ходинговая Группа»-и Чин ният дорад, ки муддати се сол дар заминаи ҶСК «Азот» баҳри корҳои азнавсозӣ ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанд 360 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ намояд. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи сармоягузорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати зикршуда дар ин […]

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хэнан Чжун-Я Ходинговая Группа»-и Чин ният дорад, ки муддати се сол дар заминаи ҶСК «Азот» баҳри корҳои азнавсозӣ ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанд 360 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ намояд.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишномаи сармоягузорӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати зикршуда дар ин хусусро ба имзо расонид, ки мутобиқи он навбати аввали корхонаи истеҳсоли аммиак бо иқтидори солонаи 120 ҳазор тонна ва карбамид дар ҳаҷми 200 ҳазор тонна 1,5 соли наздик мавриди истифода қарор гирифта, баъди се сол ҳаҷми истеҳсоли аммиак – то 300 ҳазор тоннна ва карбамид – то 500 ҳазор тонна дар як сол расонида мешавад.

Ҳаҷми сармояи оинномавии корхонаи оянда, ки дар заминаи он ҶСК «Нуриҳои Осиё» таъсис дода мешавад, 720 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод. Муддати 10 соли аввали фаъолияти корхона 50%+1 саҳмияҳои он ба ҷониби Чин тааллуқ дошта, сипас ба ихтиёри Тоҷикистн супурда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки талаботи солонаи Тоҷикистон ба карбамид айни замон 360 ҳазор тоннаро ташкил дода, он ҳамасола ба маблағи 50 млн. доллари ИМА аз хориҷи кишвар ворид мегардад.

Корхона аз ҷониби мутахассисону коргарони Тоҷикистону Чин бунёд гардида, дар марҳилаи аввали амалисозии лоиҳа шумори коргарон аз ду ҷониб баробар (50% ба 50%) буда, баъди 5 соли кори корхона шумори коргарону мутахассисон ба беш аз 1 ҳазор нафар мерасад, ки 90%-ашро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.