ВКД: ҳудуди 50 кӯдаки тоҷики бесаробон аз Русия ба ватан оварда шуданд

Давоми сол ҳудуди 50 нафар кӯдакони хурдсоли бесаробонмондаи Тоҷикистон аз Русия ба ватан оварда шуданд. «Аз оғози сол бо мусоидати мақомоти салоҳиятдори Русия наздики 50 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон аз Русия ба ватан фирситода шуданд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ва ҳамчунин зикр кард, ки то охири сол боз […]

Asia-Plus

Давоми сол ҳудуди 50 нафар кӯдакони хурдсоли бесаробонмондаи Тоҷикистон аз Русия ба ватан оварда шуданд.

«Аз оғози сол бо мусоидати мақомоти салоҳиятдори Русия наздики 50 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон аз Русия ба ватан фирситода шуданд», – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ ва ҳамчунин зикр кард, ки то охири сол боз якчанд нафар чунин кӯдакон низ ба ватан интиқол меёбанд.

Ба гуфтаи ӯ, инҳо асосан кӯдаконе мебошанд, ки волидонашон аз онҳо даст кашидаанд, вале кӯдаконе ҳам ҳузур доранд, ки волидонашон дар Русия маҳкум шудаанд.

«Бо вуҷуди аз онҳо даст кашидани модаронашон, шаҳрвандони Тоҷикистон, давлати мо онҳоро дар кишвари бегона танҳо нагузошт. Ҳамаи кӯдакон дар хонаҳои кӯдакон ба тарбият фаро гирифта мешаванд. Агар касе хоҳиши фарзандхонии онҳоро дошта бошад, мо ҳатман ба онҳо кумак хоҳем кард», – гуфт намояндаи ВКД.

Қобили зикр аст, ки моҳи нояби соли гузашта чор нафар тифлони тоҷик аз Русия ба ватан баргардонида шуда, дар хонаи кӯдакони шаҳри Душанбе ба тарбият фаро гирифта шуданд.

Ҳамчунин рӯзи 20 сентябр додгоҳи ноҳияи Бутирскии шаҳри Маскав ҳукм кард, ки ҷараёни ба фарзандӣ хондани як тифли ятими тоҷик бо нақзи муқаррароти байналмилалӣ сурат гирифтааст ва ин кӯдак бояд ба Тоҷикистон баргардонида шавад. Рӯзи 20 сентябр додгоҳи ноҳияи Бутирскии шаҳри Маскав ҳукм кард, ки ҷараёни ба фарзандӣ хондани тифли ятими тоҷик бо нақзи муқаррароти байналмилалӣ сурат гирифтааст ва ин кӯдак бояд ба Тоҷикистон баргардонида шавад.

Дар номаи электроние ба унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 21 сентябр тавассути вебсайти раисиҷумҳурӣ фиристода шуд, модари ин тифли фарзандхоншуда Ҳилола Егорова дархост карда буд, ки ба ҳоли ӯ раҳм кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.