Пешниҳоди табдили номи 15 маҳаллаи аҳолинишини Суғд

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди табдили 15 маҳаллаи аҳолинишини вилояти Суғдро ба палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ирсол намуд. Бар асосии пешниҳоди ҳукумат дар шаҳри Панҷакент деҳаи Муғулиён – ба Сафобахш, Қизилҷар – ба Зарринрӯд, Камартош – ба Камардашт, Ҷамбулоқ – ба Ҷомчашма, Тегирмонтеппа – ба Осиёбтеппа, Кӯктош ба – Кабудсанг ва Қичиқ Шӯрнова – ба Шӯрноваи хурд […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди табдили 15 маҳаллаи аҳолинишини вилояти Суғдро ба палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ирсол намуд.

Бар асосии пешниҳоди ҳукумат дар шаҳри Панҷакент деҳаи Муғулиён – ба Сафобахш, Қизилҷар – ба Зарринрӯд, Камартош – ба Камардашт, Ҷамбулоқ – ба Ҷомчашма, Тегирмонтеппа – ба Осиёбтеппа, Кӯктош ба – Кабудсанг ва Қичиқ Шӯрнова – ба Шӯрноваи хурд табдили ном мекунанд.

Дар шаҳри Конибодом: номи деҳаҳои Шоҳидқараянтоқ – ба Диловарон, Яккатерак – ба Сафедорак; дар ноҳияи Ашт: деҳаи Қӯрғонча – ба Қалъача, Қамишқӯрғон – ба Хӯҷистон; дар ноҳияи Спитамен деҳаи Оқтеппа – ба Сафедтеппа, Фармонқӯрғон – ба Фармонқалъа, Саидқӯрғон – ба Саидқалъа ва Қӯштегирмон – ба Сариосиё иваз карда мешаванд.

Моҳи ноябр палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ аз дархости ҳукумати Тоҷикистон дар бораи иваз шудани номи як қатор маҳаллаҳои аҳолинишин дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Ваҳдат ҷонибдорӣ намуд.

Ахиран ҳолатҳои табдили номи шаҳру навоҳӣ ва иншооти ҷуғрофӣ дар Тоҷикистон зиёд ба мушоҳида мерасанд, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешавад. Аз ҷумла номи собиқ ноҳияҳои Тавилдара, Ҷиргатол, Қумсангир, Ғончӣ ва ғайра иваз шуда, обанбори нерӯгоҳи Қайроққум минбаъд Баҳри тоҷик номида мешавад.

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ номҳои чандин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иваз шуда, (баъзеашон якчанд маротиба), бархе мақоми шаҳрро соҳиб шуданд ё аз нав таъсис дода шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.