Барои дар хотир доштан: номҳои ивазшудаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ номҳои чандин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иваз шуда, (баъзеашон якчанд маротиба), бархе мақоми шаҳрро соҳиб шуданд ё аз нав таъсис дода шуданд. Мо тасмим гирифтем, ки номхои собиқ ва ҳозираи ин шаҳру навоҳиро хотиррасон намоем. Шаҳри Душанбе Ноҳияи Роҳи оҳан – ноҳияи Шоҳмансур Ноҳияи Октябр – ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Ноҳияи Марказӣ – ноҳияи […]



Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ номҳои чандин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иваз шуда, (баъзеашон якчанд маротиба), бархе мақоми шаҳрро соҳиб шуданд ё аз нав таъсис дода шуданд.

Мо тасмим гирифтем, ки номхои собиқ ва ҳозираи ин шаҳру навоҳиро хотиррасон намоем.


Шаҳри Душанбе

Ноҳияи Роҳи оҳан – ноҳияи Шоҳмансур

Ноҳияи Октябр – ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Ноҳияи Марказӣ – ноҳияи Фирдавсӣ

Ноҳияи Фрунзе – ноҳияи Сино


Ноҳияҳои тобеи марказ

Шаҳри Орҷоникидзеобод (Кофарниҳон) – шаҳри Ваҳдат

Ноҳияи Ғарм – ноҳияи Рашт

Ноҳияи Ленин – ноҳияи Рӯдакӣ

Ноҳияи Тавилдара – ноҳияи Сангвор

Ноҳияи Ҳисор – шаҳри Ҳисор

Ноҳияи Ҷиргатол – ноҳияи Лахш

Ноҳияи Комсомолобод (Дарбанд) – ноҳияи Нуробод


Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Ноҳияи Қалъаи Хумб – ноҳияи Дарвоз


Вилояти Суғд

Вилояти Ленинобод – вилояти Суғд

Шаҳри Ленинобод – шаҳри Хуҷанд

Шаҳри Ӯротеппа – шаҳри Истаравшан

Шаҳри Табошар – шаҳри Истиқлол

Шаҳри Қайроққум – шаҳри Гулистон

Шаҳри Чкаловск – шаҳри Бӯстон

Ноҳияи Ғончӣ – ноҳияи Деваштич

Ноҳияи Нов – ноҳияи Спитамен

Ноҳияи Пролетар – ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ноҳияи Хуҷанд – ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Мастчоҳи Кӯҳӣ (то соли 1996 дар ҳайати ноҳияи Айнӣ) – ноҳияи Кӯхистони Мастчоҳ


Вилояти Хатлон

Вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа – вилояти Хатлон

Шаҳри Калининобод – шаҳри Сарбанд

Ноҳияи Октябр (Коммунистӣ) – ноҳияи Бохтар

Ноҳияи Куйбишев (Хоҷамастон) – ноҳияи Ҷомӣ

Ноҳияи Колхозобод (Ҷ.Румӣ) – ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Ноҳияи Илич – ноҳияи Хуросон

Ноҳияи Москва – ноҳияи Мир Саийид Алии Ҳамадонӣ

Ноҳияи Ленинград – ноҳияи Муъминобод

Ноҳияи Совет – ноҳияи Темурмалик

Ноҳияи Ҷиликӯл – ноҳияи Дӯстӣ

Ноҳияи Қумсангир – ноҳияи Ҷайҳун

Ноҳияи Шӯрообод – ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Ноҳияи Бешкент (қаблан дар ҳайати ноҳияи Шаҳритӯс) – ноҳияи Носири Хусрав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.