Анҷоми фаъолияти сафири Италия дар Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 9 август бо сафири Ҷумҳурии Италия дар Тоҷикистон Риккардо Манара вобаста ба анҷоми фаъолияти кории ӯ дар Тоҷикистон дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни вохӯрӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Италия ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд. С. Аслов […]



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 9 август бо сафири Ҷумҳурии Италия дар Тоҷикистон Риккардо Манара вобаста ба анҷоми фаъолияти кории ӯ дар Тоҷикистон дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни вохӯрӣ сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Италия ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд.

С. Аслов ба Р. Манара барои саҳмаш дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва иштирокаш аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Италия дар Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” изҳори ташаккур намуд.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз С.Аслов дар ҳошияи Ҳамоиши байналмиллалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария”, бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус В. Рибаков мулоқот орост.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои манфиатбахши дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи хоса ба густариши робитаҳои байни ниҳодҳои хориҷии ду ҷониб, рушди ҳамкории иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак инчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ зоҳир карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.